Пятница, 26.04.2024, 07:32
Приветствую Вас Гость | RSS

Институти зироаткории АИКТ

Основные научные достижения и применение результатов НИР

Дастовардњои илмї дар соли 2013

Дар давраи њисоботї бо ќарори маљлиси Муассисаи давлатии Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатњои кишоварзї ва муњофизати навъњои Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон аз 24.04.с.2013 навъњои пахтаи миёнанахи гурўњи миёнапази "Неъмат” (селексияи филиали ИЗ дар вилояти Суѓд) ва гандуми "Ориён” (селексияи ИЗ) дар ќаламрави љумњурї минтаќабоб гардида, навъњои пахтаи миёнанахи гурўњи миёнапази "Лочин” (селексияи филиали ИЗ дар вилояти Суѓд), "Б-70” (селексияи филиали ИЗ дар вилояти Хатлон), сулии "Тољикї-70” (селексияи ИЗ), њамчун навъњои ояндадор дониста шуданд. Бо Ќарори комиссияи мазкур  навъњои пахтаи миёнанахи гурўњи миёнапази "Дењќон” (селексияи ИЗ); пешпази  "Сабз-Н” (селексияи филиали ИЗ дар вилояти Хатлон),  "Искандар” ва "Тезпур” (селексияи филиали ИЗ дар вилояти Суѓд), љуворимаккаи "Баракат” ва "Њосилот”, арзани "Дурахшон”, заѓири "Зарддона” ва маъсари "Шодмон”(селексияи ИЗ) барои омўзиш дар минтаќањои љумњурї ба таври расмї ќабул карда шуданд.

Дар натиљаи тадќиќотњои илмї кормандони шуъбаи механиконии кишоварзї усули нави муосирро барои такмил додани технологияи парвариши зироатњои кишоварзї тарњрезї намуданд. Ин усул муштарак буда, аз коркарди хок, воридсозии нурињои минералї, тартиб  додани пуштањо ва дар болои онњо кишт кардани зироатњои ѓалладонагї  ва сабзавотї иборат аст. Барои иљрои ин технология мошинаи КМ-2,4 «Зироаткор»  ихтироъ ва намунаи таљрибавии он сохта  шуд. Ин мошина дар як гузашт амалиётњои технологии коркарди болоии хок бо ќабатнок ворид кардани нурињои минералї, тартиб додани пуштањо ва дар болои онњо бо позаи васеънавор тухмии зироањои ѓалладонагї ва сабзавотиро кишт менамояд.

Барои иљрои кишти васеънавор, инчунин поза низ ихтироъ ва мошинаи КМ-2,4 «Зироаткор» бо он љињозонида шудааст. Аз рўйи ин ихтироот ба Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Љумњурии Тољикстистон аризањо барои гирифтани патентњои ихтироот супорида шудаанд.

Дар натиљаи корњои илмию тањќиќотї муайян карда шуд, ки рељаи мўътадили обёрї дар шароити сиёњхоки Тољикистони Марказї барои гандуми навъи ЭСИ-10, обёрї аз рўйи намнокии пеш аз обдињии хок 70% аз намиѓунљоиши хок мебошад ва дар давраи нашъунамо 3 маротиба таъмини об мувофиќи наќшаи 0-2-1 тавсия дода мешавад. Дар ин маврид меъёри об барои гандуми навъњои «Шокирї» 1976 м3/га ва ЭСИ-10 ба миќдори 1910 м3/га мебошад. Дар шароити санљиши истењсолї њангоми риояи рељаи мўътадили обёрї њосили дони гандумњои навъи «Шокирї» ба 46,4 с/га ва ЭСИ-10 ба 45,4 с/га расид. Ин рељаи обёрї имконият медињад, ки њосилнокии дони гандум то 20-25% афзуда, харољоти об то 20% сарфа карда шавад.

Муайян карда шуд, ки дар заминњои обї барои рўёнидани њосили зиёда аз 50 с/га дони ѓалладонагињо ва гирифтани даромади софи 4,5-5 њазор сомонї аз гандуми навъњои «Москвичка», «Шарќ» ва «Шокирї» истифодабарии нурињои маъданї бо меъёри N120-150P60-75K45-60 кг/га ѓизои тоза мувофиќи маќсад аст. Дар шароити заминњои обї барои гирифтани њосили баланди дони зироатњои лўбиёгї (28-29 с/га) ва даромади соф (2,8-2,9 њазор сомонї) меъёри мўътадили нурињои маъданї барои навъи нахўди «Флип-97-121» ба миќдори N45P40 кг/га ѓизои тоза муайян карда шуд.

Дар натиљаи таљрибањои сањрої исбот карда шуд, ки аз истифодабарии њашаротњои фоидаовари тиллочашмак ва хабрабракон дар якљоягї бо парвариши растанињои шањддињандаи хуљаста, шибит, райњон, љамбил ва њино дар киштзори пахта дар масоњати то 3-4 гектар самаранокии њимояи пахтаро аз зараррасонњо дар тамоми давраи нашъунамои он бе коркарди кимиёвї таъмин намуда, њосилнокї аз ин њисоб то 20% меафзояд. Ин усули биологї дар хољагии таљрибавии «Зироаткор» ва ба номи Дзержинскийи Институти зироаткорї дар масоњати 15 га пахта татбиќ шуда, олимон ба натиљањои назаррас ноил гардиданд.

Соли љорї дар ќитъањои тухмипарварии филиалу стансияњо ва хољагињои зертобеи муассиса аз майдони умумї 406,5 га 1349,4 тонна тухмии тозаи хушсифати зироатњо истењсол карда шудааст, ки аз он 35,6 тонна суперэлита; 35,8 тонна элита; 792,3 тонна репродуксияи якўм ва 485,7 тонна репродуксияи дуюм-ро ташкил медињад. Аз 1394,4 тонна тухмии истењсолшудаи зироатњо гандум-1071,1 тонна, љав-30 тонна, сулї- 3,5 тонна, нахўд-7,2 тонна, љуворимакка-171,4 тонна, мањсар-0,20 тонна, хардал-0,10 тон, љуворї-0,90 тонна, шолї-33 тонна ва юнучќа 2-тоннаро ташкил медињад.

Тухмињои истењсолшуда зањролуд карда шуда, ба халтањои махсус бо нишони Институти зироаткорї андохта шуда, барои пешнињод ба хољагињои дењќонии мамлакат дастрас гардонида шуда истодааст.

Стансияи таљрибавии пиллапарварии ноњияи Бобољон Ѓафуров ба миќдори 100 кг тухми тути серњосили навъи «Суѓдиён-1» ва «Суѓдиён-2»-ро тайёр намуда, аз он 52 кг ба хољагињои љумњурї дастрас намудааст. Дар наќша аст, ки аз ин тухмињо солњои оянда зиёда аз 200 њазор бех кўчати серњосили тут тайёр карда шуда, барои боз њам мустањкамтар шудани пойгоњи хўрокаи кирмак замина гузошта мешавад.

Тибќи супориши Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон тавсияномаи "Технологияи парвариши гандум ва рўёнидани њосили на кам аз 50 с/га дар заминњои обии Тољикистон” ва тавсияномаи "Мањсулнокии намунањои љуворї ва арзани африќої дар шароити Тољикистони Марказї” ба нашр расонида шуданд.

Бахшида ба 80-умин солгарди зодрўзи академики АИКТ, Агрономи хизматнишондодаи Љумњурии Тољикистон Эшонов Ислом Эшонович китоби хотирањо иборат аз 10 љузъи чопї нашр гардида, манзури хонандагон гардонда шуд.

Дар муддати њисоботї барои амалї гаштани Барномаи рушди соњаи тамокупарварї, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон  аз  7.09.2006, №410 тасдиќ шудааст, тавсиянома бо номи "Технологияи парвариши навъњои нави тамоку дар Тољикистон” аз чоп баромад.

Ѓайр аз он тавсияномаи "Технологияи парвариши заѓири равѓандор дар заминњои лалмии Тољикистон” ва тавсияномаи "Технологияи парвариши маъсар дар заминњои лалмии Тољикистон” омодаи чоп мебошанд

Дар муддати њисоботї 3 нафар олимони пуртаљрибаи Институти зироаткорї ба гирифтани Љоизаи давлатии "Медали Хизмати Шоиста” сазовор гардиданд, ки боиси ифтихори коллективи муассиса мебошад.

Ќобили зикр аст, ки рўзњои 20-21 августи соли равон дар маљмааи Кохи Сомон конфронси сатњи баланд доир ба масъалањои њамкорї дар соњаи об, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 давлати дунё иштирок намуданд. Намоишгоњ бонуфуз ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 30 навъњои зироатњои кишоварзии селексияи олимони Институти зироаткорї ба намоиш гузошта шуданд ва аз тарафи роњбари давлат ва Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ба бањои баланд сазовор дониста шуда, институт ба Сипосномаи Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ноил гардид, ки ин дастоварди беназир ба шумор меравад.


Татбиќ намудани натиљаи корњои илмию тањќиќотї дар истењсолот ва ёрии амалї ба хољагињо

Натиљаи корњои илмию тањќиќотии олимони Институти зироаткорї ва муассисањои тобеи он дар минтаќањои љумњурї ба таври васеъ татбиќ шудаанд.

Мувофиќи дурнамои раёсатњои кишоварзии вилоятњо ва ноњияњои мамлакат соли 2013-ум навъњои зерини пахтаи ихтироъкардаи олимони Институти зироаткорї парвариш карда шудаанд:

- дар вилояти Хатлон тибќи дурнамо майдони умумии кишти навъњои пахтаи ватанї 127659 га, аз љумла пахтаи миёнанахи: "Сорбон” 4185 га, "Назирї” - 10769 га, "Ирам-1МН” - 6548 га, ВД-11 – 778 га, Б-70 – 860 га, "Ориёї” - 5945 га, "Хуљанд-67” - 6117 га, мањиннахи "Авесто” - 480 га, ки дар маљмўъ 39269 га ё 30,8%-ро аз майдони умумии кишти пахта ташкил медињад;

- дар ноњияњои тобеи марказ тибќи дурнамо майдони умумии кишти пахта ба 5786 гектар баробар аст, ки аз он навъњои миёнанахи "Дўстї-ИЗ” 956 га, "Шарора-1020” - 56 га, "Фаровон-20” - 40 га, "Мењргон” - 16 га, "Ориёї”-  377 га, "Назирї” - 594 га, "Неъмат” - 60 га, Л-10 – 719 га ва "Зуњал” - 36 га ё ин ки 49,3%-и майдони умумии кишти пахтаро ташкил медињанд. Мувофиќи маълумотњои корхонањои коркарди пахта дар ноњияњои тобеи марказ ба миќдори 1048 тонна тухмии навъњои ватанї аз њисоби њосили соли 2012 истењсол ва захира карда шудааст, ки аз он дар ноњияњои Турсунзода 280 тонна аз навъи "Дўстї-ИЗ”, дар Вањдат 726 тонна аз навъњои "Ориёї” ва "”Хуљанд-67”, дар ноњияи Шањринав 42 тонна аз навъњои "Зуњал” ва Л-10-ро ташкил медињад. Ѓайр аз он, соли 2012 дар хољагињои таљрибавии "Зироаткор” ва ба номи Дзержинскийи ноњияи Њисор 18,6 тонна тухмињои хушсифат аз навъњои "Мењргон”, "Њисор”, "Шарора-1020”, "Дўстї-ИЗ” ва "Фаровон-20” тухмии пахта захира карда шудааст.

- дар вилояти Суѓд мувофиќи дурнамо майдони умумии кишти пахта 57420 гектарро ташкил медињад, аз љумла навъњои ихтироънамудаи олимони филиали Суѓд "Ориёї” - 9045 га, Л-10 – 898 га, "Хуљанд-67” - 4861 га, "Ирам-1МН” - 1060 га, "Неъмат” - 7345 га, "Сорбон” - 714 га, "Зафаробод-40” -  490 га, "Исфисор-2” - 442 га ва "Лочин” - 440 га, дар маљмўъ 25213 га ё ин ки 43% аз майдони умумии кишти пахта. Майдони кишти навъњои пахтаи селексияи ватанї дар ноњияи Конибодом 100%, Мастчоњ - 8,4%, Љаббор Расулов - 42%, Спитамен - 55,2%, Бобољон Ѓафуров - 67,6%, Ашт - 46,2% ва Зафаробод - 18%-ро ишѓол менамояд.

Мувофиќи маълумотњои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суѓд ва корхонањои коркарди пахтаи вилоят дар ноњияи Конибодом 2197 тонна, Мастчоњ - 283 тонна, Љаббор Расулов - 168 тонна, Спитамен - 1057 тонна, Бобољон Ѓафуров - 1789 тонна, Ашт - 626 тонна ва Зафаробод - 289,5 тонна тухмии пахтаи навъњои ватании дар боло зикрёфтаро истењсол ва захира намуданд, ки ин дар маљмўъ 6409,5 тоннаро ташкил медињад ва ба 49,5% аз миќдори умумии истењсоли тухмии пахта баробар аст.

Навъњои зироатњои ѓалладонагї: гандуми "Президент”, "Ормон”, "Сомонї”, "Алекс”, "Норман”, "Садоќат”, "Зироат-70”, "Ориён”, "Наврўз”, "Ватан”, "Шамъ”; љави "Ифтихор-86”, "Баракат”, "Пўлодї”; тритикалеи "Умед”, "Акбар”, "Умар”; љавдори "Вахш-128”, "Вахш-116” ва ѓайра дар майдони зиёда аз 130 њазор га, аз љумла дар ноњияњои тобеи марказ дар майдони 17,6 њазор га љорї шудаанд.

Навъњои зироатњои лўбиёгї: нахўди "Сино”, "Муќтадир”, "Зимистонї”, "Њисор-32”, "Бањор”; наски "Њисор-1”, "Соњибї”, "Тољикї-95”; мушунги хўрокаи "Серњосил”, "Бадахшонї”, "Лалмї-126”; моши "Тољикї-1” ва "Тољикї-2” ва ѓайра дар майдони 12 њазор га татбиќ шудаанд.

Навъњои  зироатњои хўроки чорво: юнучќаи "Вахш-429”, "Вахш-416” ва "Вахш-300”; љуворимаккаи "Дилшод”, "Шўњрат”, "Зоњир”, "Аскар”, "Зарафшон”; љувории "Њисор-45”, "Вахш-10”, "Фирўз-355В” ва "Марљон-783В”; лўбиёи чинии "Ситора”, "Орзу”; шабдари "Вахш-475”, берсим "Хатлон-3” ва ѓайра дар майдони зиёда аз 50 њазор га парвариш меёбанд.

 Навъњои зироатњои равѓандињанда: маъсари "Шифо”; заѓири "Њисор-474”, "Њисор-10”; кунљити "Шањноза”; чормаѓзи заминии "Тољикї-15” дар майдони 8000 га кишт шуданд.

Дар Стансияи таљрибавии пиллапарварї ба миќдори 100 кг тухми тути серњосили навъи «Суѓдиён-1» ва «Суѓдиён-2»-ро тайёр намуда, аз он 52 кг ба хољагињои љумњурї дастрас намудааст. Дар наќша аст, ки аз ин тухмињо солњои оянда зиёда аз 200 њазор бех кўчати серњосили тут тайёр карда шуда, барои боз њам мустањкамтар шудани пойгоњи хўрокаи кирмак мусоидат менамояд. Аз зотњои тайёрнамудаи стансия 100 оилаи ибтидої ба Стансияи зотпарварии ноњияи Вањдат пешнињод карда шуд.


Чустучу
Шакли воридшави
Таквим
«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930